Номгӯи тиҷоратӣ: Семавик® НЕКСТ
Номгӯи байналмилалии бе патент (НББП): Семаглутид
Шакли дору: маҳлул барои воридкунии зери пӯст
Таркиб
Доруи Семавик® Некст дар таркибаш:
Ҷузъи фаъол семаглутид мебошад.
Семавик® Некст, 0.25 мг/воя, маҳлул барои воридкунии зери пӯст
Ҳар як мл маҳлул 0.68 мг семаглутид дорад. Ҳар як қаламчаи-сӯзандоруи қаблан пуркардашуда дар таркибаш 2.04 мг семаглутидро дар 3 мл маҳлул (8 воя аз 0.25 мг) дорад.
Моддаҳои дигари таркиб: динатрий фосфати дигидрат, пропиленгликол, фенол, маҳлули 10% кислотаи хлорид ва/ё 10% маҳлули гидроксиди натрий — (барои танзими рН), об барои тазриқ.
Семавик® Некст, 0.5 мг/воя, маҳлул барои воридкунии зери пӯст
Ҳар як мл маҳлул 1.34 мг семаглутид дорад. Ҳар як қаламчаи-сӯзандоруи қаблан пуркардашуда дар таркибаш 4 мг семаглутидро дар 3 мл маҳлул (8 воя аз 0.5 мг) дорад.
Моддаҳои дигари таркиб: динатрий фосфати дигидрат, пропиленгликол, фенол, маҳлули 10% кислотаи хлорид ва/ё 10% маҳлули гидроксиди натрий — (барои танзими рН), об барои тазриқ.
Семавик® Некст, 1 мг/воя, маҳлул барои воридкунии зери пӯст
Ҳар як мл маҳлул 1.34 мг семаглутид дорад. Ҳар як қаламчаи-сӯзандоруи қаблан пуркардашуда дар таркибаш 4 мг семаглутидро дар 3 мл маҳлул (4 воя аз 1 мг) дорад.
Моддаҳои дигари таркиб: динатрий фосфати дигидрат, пропиленгликол, фенол, маҳлули 10% кислотаи хлорид ва/ё 10% маҳлули гидроксиди натрий — (барои танзими рН), об барои тазриқ.
Семавик® Некст, 1.7 мг/ воя, маҳлул барои воридкунии зери пӯст
Ҳар як мл маҳлул 2.27 мг семаглутид дорад. Ҳар як қаламчаи-сӯзандоруи қаблан пуркардашуда дар таркибаш 6.8 мг семаглутидро дар 3 мл маҳлул (4 воя аз 1.7 мг) дорад.
Моддаҳои дигари таркиб: динатрий фосфати дигидрат, пропиленгликол, фенол, маҳлули 10% кислотаи хлорид ва/ё 10% маҳлули гидроксиди натрий — (барои танзими рН), об барои тазриқ.
Семавик® Некст, 2.4 мг/ воя, маҳлул барои воридкунии зери пӯст
Ҳар як мл маҳлул 3.2 мг семаглутид дорад. Ҳар як қаламчаи-сӯзандоруи қаблан пуркардашуда дар таркибаш 9.6 мг семаглутидро дар 3 мл маҳлул (4 воя аз 2.4 мг) дорад.
Моддаҳои дигари таркиб: динатрий фосфати дигидрат, пропиленгликол, фенол, маҳлули 10% кислотаи хлорид ва/ё 10% маҳлули гидроксиди натрий — (барои танзими рН), об барои тазриқ.
Тавсиф: Маҳлули беранг ё қариб беранг.
Гурӯҳи фармасевтии доруворӣ: Воситаи гипогликемикӣ – муодили пептиди 1 глюгаконмонанд (МГП-1).
Рамзи АТХ: А10В106.
Доруворӣ бояд таҳти назорати иловагӣ қарор гирад, ки ин барои зуд ошкор намудани маълумоти нави бехатарӣ мусоидат мекунад. Шумо метавонед тавассути хабар додан оид ба ҳама гуна аксуламалҳои номатлубе, ки аз истифодаи доруворӣ ба вуҷуд омадаанд (аз ҷумла ҳолатҳои бесамарии он), кумак расонед. Тарзи хабар додан дар бораи аксуламалҳои номатлуб дар қисми 4-и варақаи замимашуда тавсиф шудааст.
Пеш аз истифодаи дору варақаи замимашударо пурра хонед, зеро дар он маълумоти барои Шумо муҳим мавҷуд аст. Варақаи замимашударо нигоҳ доред. Эҳтимол, ба Шумо зарур меояд, ки онро бори дигар хонед.
Агар саволҳои иловагӣ пайдо шаванд, ба духтури табобатӣ муроҷиат намоед.
Дору маҳз ба Шумо таъин гардидааст. Онро ба шахсони дигар надиҳед. Дору метавонад ба онҳо зарар расонад, ҳатто агар нишонаҳои бемориашон ба нишонаҳои Шумо монанд бошанд.
Дар ҳолати пайдо шудани ягон аксуламали номатлуб дар Шумо, ба духтури табобатӣ муроҷиат намоед. Тавсияи мазкур ба ҳама гуна аксуламалҳои эҳтимолии номатлуб, аз ҷумла аксуламалҳое, ки дар қисми 4-и варақаи замимашуда зикр нашудаанд, дахл дорад.
1. Доруи Семавик® Некст чӣ гуна дору аст ва онро барои чӣ истифода мебаранд
Семавик® Некст — дору барои кам кардани вазн ва нигоҳ доштани вазни бадан буда, ҷузъи фаъолаш семаглутид мебошад. Семаглутид муодили пептиди 1 — глюкагонмонанди (МГП 1)-и инсон мебошад, ки пас аз истеъмоли ғизо аз рӯда ҷудо мешавад. Семавик® Некст ба ретсепторҳои майнаи сар, ки иштиҳои Шуморо назорат мекунанд, таъсир расонида, эҳсоси серӣ ва камшавии гуруснагӣ, ҳамчунин кам гардидани ҳавас ба ғизоро ба вуҷуд меорад. Ин ба Шумо кӯмак менамояд, ки ғизоро камтар истеъмол намуда, вазни баданро паст кунед. Семавик® Некст ҳамчун илова ба парҳези камкалория ва машқҳои ҷисмонӣ тавсия дода мешавад.
Нишондодҳо барои истифода
Доруи Семавик® Некст барои истифода дар калонсолони аз синни 18-сола ҳамчун илова ба парҳези камкалория ва машқҳои ҷисмонӣ барои назорати вазни бадан, аз ҷумла кам кардан ва нигоҳ доштани он, дар калонсолоне, ки индекси ибтидоии вазни бадан (ИВБ) доранд, тавсия дода мешавад:
Доруи Семавик® Некст барои истифода дар калонсолони аз 18-сола, ки бемории муайяншудаи дилу раг ва фарбеҳӣ ё вазни зиёди бадан доранд, барои коҳиш додани хатари ҳодисаҳои ҷиддии дилу рагҳо таъин шудааст*
*Ҳодисаҳои асосии дилу рагҳо дар бар мегиранд: марг бо сабаби нуқсонҳои дилу рагҳо, сактаи миокарди ғайримарговар ва сактаи майнаи сари ғайримарговар.
Агар беҳтаршавӣ ба назар нарасад ё Шумо худро бад ҳис кунед, бояд ба духтур муроҷиат намоед.
2. Пеш аз истифодаи доруи Семавик® Некст чиро бояд донист
Нишондиҳандаҳои манъи истеъмол
Доруи Семавик® Некст-ро истифода набаред, агар дар Шумо:
Дастурҳои махсус ва чораҳои эҳтиётӣ
Дар бораи истифодаи доруи Семавик® Некст бо духтури табобатӣ машварат кунед.
Ҳатман духтури табобатии худро огоҳ намоед, агар яке аз ҳолатҳои дар поён зикршуда ба Шумо дахл дошта бошад:
Истифодаи доруи Семавик® Некст дар ҳолатҳо/бемориҳои зерин тавсия дода намешавад, зеро маълумот оид ба самаранокӣ ва бехатарӣ мавҷуд нест ё таҷрибаи истифода маҳдуд аст:
Доруи Семавик® Некст-ро бо эҳтиёт истифода кардан зарур аст, агар дар Шумо:
Хатари аспиратсия ё пневмонияи аспиратсионӣ
Ҳангоми гузаронидани амалиётҳои ҷарроҳӣ таҳти анестезияи умумӣ ё седатсияи амиқ дар бемороне, ки агонистҳои МГП-1 мегиранд, бинобар суст шудани холишавии меъда ва мавҷуд будани муҳтавои боқимондаи меъда, хатари пайдоиши аспиратсия ё пневмонияи аспиратсионӣ вуҷуд дорад.
Дигар доруҳо ва Семавик® Некст
Ба духтури табобатии худ хабар диҳед, агар Шумо ягон доруи дигарро истифода намоед, ё ба наздикӣ истифода карда бошед ё мумкин аст истифода карданро оғоз намоед.
Ба духтури худ хабар диҳед, агар Шумо доруҳои дорои варфарин ё дигар доруҳои ба ин монандро барои паст кардани лахташавии хун (антикоагулянтҳои пероралӣ) истифода намоед. Эҳтимол ба Шумо барои муайян кардани қобилияти лахташавии хун зуд-зуд таҳлили хун зарур шуда метавонад.
Ҳомиладорӣ ва синамаконии кӯдак
Доруи Семавик® Некст-ро дар вақти ҳомиладорӣ истифода набаред, зеро маълум нест, ки оё дору метавонад ба кӯдаки ояндаи Шумо таъсир расонад.
Ҳангоми истифодаи доруи Семавик® Некст аз воситаҳои боэътимоди контрасепсия истифода намоед.
Агар Шумо хоҳед,ки ҳомиладор шавед, бояд ҳадди ақал ду моҳ пеш аз ҳомиладории банақшагирифташуда истифодаи доруи Семавик® Некст-ро қатъ намоед.
Агар Шумо ҳомиладор бошед ё фикр кунед, ки ҳомиладор шуда метавонед, ё дар давраи истифодаи доруи Семавик® Некст таваллуди кӯдакро ба нақша гиред, фавран бо духтури табобатӣ машварат кунед, зеро табобат бо доруи Семавик® Некст бояд қатъ карда шавад.
Агар Шумо дар давраи синамаконӣ қарор дошта бошед, доруи Семавик® Некст-ро истифода набаред, зеро маълум нест, ки оё дору ба шири модар мегузарад ё не.
Идоракунии воситаҳои нақлиёт ва кор бо механизмҳо
Семавик® Некст ба қобилияти Шумо барои идора кардани воситаҳои нақлиёт ва кор бо механизмҳо таъсир намерасонад. Аммо баъзе беморон метавонанд ҳангоми истифодаи доруи Семавик® Некст дар давоми 4 моҳи аввали табобат чарх задани сарро эҳсос намоянд (нигаред ба бахши «Аксуламалҳои эҳтимолии номатлуб»). Агар Шумо чарх задани сарро ҳис кунед, то беҳтар шудани ҳолататон набояд воситаи нақлиётро идора намоед ё бо механизмҳо кор кунед. Агар ба Шумо маълумоти иловагӣ зарур бошад, ба духтури табобатии худ муроҷиат намоед.
Агар дар Шумо (ДҚ2) мавҷуд бошад, ҳангоми истифодаи доруи Семавик® Некст дар якҷоягӣ бо доруҳои ҳосилаҳои сулфонилмочевина ё инсулин, сатҳи қанди хун (гипогликемия) метавонад паст шавад, ки ин метавонад қобилияти диққатро коҳиш диҳад. Агар дар Шумо ягон нишонаҳои гипогликемия пайдо шаванд, мошинро наронед ва аз механизмҳо истифода набаред (барои маълумот оид ба хатари паст шудани сатҳи қанди хун ба бахши «Дастурҳои махсус ва чораҳои эҳтиётӣ» ва барои нишонаҳои огоҳкунандаи сатҳи пасти қанди хун ба бахши 4 нигаред). Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба духтури табобатии худ муроҷиат намоед.
Пайгирӣ кардан
Бо мақсади беҳтар намудани пайгирии дору, рақами силсила ва мӯҳлати истифодаи бастаи доруи истифодашударо сабт кардан зарур аст.
Моддаҳои ёрирасон
Доруи Семавик® Некст дар як воя (2.4 мг) камтар аз 1 ммол натрий (23 мг) дорад, яъне аслан дар таркибаш натрий надорад.
3. Истифодаи доруи Семавик® Некст
Ҳамеша доруро мутобиқи тавсияҳои духтури табобатӣ истифода намоед. Ҳангоми шубҳа ба миён омадан бо духтури табобатӣ машварат кунед.
Воя ва тартиби ворид кардани доруро духтури табобатии Шумо бо назардошти хусусиятҳои инфиродии Шумо интихоб менамояд.
Вояи тавсияшаванда
Калонсолон
Вояи якуми тавсияшаванда 0.25 мг як маротиба дар як ҳафта аст. Вояи терапевтии тавсияшаванда 2.4 мг як маротиба дар як ҳафта аст.
Табобати Шумо бо вояи аввала оғоз мегардад, ки дар давоми 16 ҳафтаи табобат тадриҷан ба таври зерин зиёд карда мешавад:
| Зиёд кардани воя | Вояи ҳафтаина |
|---|---|
| Ҳафтаи 1-4 | 0,25 мг |
| Ҳафтаи 5-8 | 0,5 мг |
| Ҳафтаи 9-12 | 1 мг |
| Ҳафтаи 13-16 | 1,7 мг |
| Вояи нигоҳдоранда | 2,4 мг |
Вояҳои ҳафтаинаи зиёда аз 2.4 мг тавсия дода намешаванд. Духтури табобатии Шумо табобати Шуморо мунтазам арзёбӣ мекунад.
Истифода дар кӯдакон ва наврасон
Самаранокӣ ва бехатарӣ барои кӯдакон муайян карда нашудааст.
Роҳ ва тарзи воридкунӣ
Доруи Семавик® Некст бо ёрии қаламчаи сӯзандору дар шакли тазриқ зери пӯст (тазриқи зерипӯстӣ) ворид карда мешавад. Ҳеҷ гоҳ доруи Семавик® Некст-ро ба варид ё мушак ворид накунед.
Доруи Семавик® Некст-ро дар як ҳафта як маротиба ва, агар имкон бошад, ҳар ҳафта дар як рӯзи муайян ворид намоед. Дар ҳолати зарурӣ Шумо метавонед рӯзи тазриқи ҳафтаинаи ин доруро тағйир диҳед, агар аз лаҳзаи тазриқи охирини Шумо на камтар аз 3 рӯз гузашта бошад. Пас аз интихоби рӯзи нави истифодаи дору, истифодаи онро дар як ҳафта як маротиба дар ҳамон рӯз идома диҳед.
Шумо метавонед тазриқро дар дилхоҳ вақти рӯз, новобаста аз истеъмоли ғизо, ворид намоед.
Беморони гирифтори диабети қанди навъи 2
Ба духтури табобатии худ хабар диҳед, агар Шумо бемори гирифтори ДҚ2 бошед. Духтури Шумо метавонад вояи доруҳои барои табобати ДҚ2 истифодашавандаро барои пешгирии кам шудани сатҳи қанди хун ислоҳ намояд.
Давомнокии табобат
Духтури табобатии Шумо ҳолати Шуморо мунтазам арзёбӣ намуда, ба Шумо тавсия медиҳад, ки доруи Семавик® Некст-ро дар давоми чӣ қадар вақт бояд истифода намоед.
Агар Шумо доруи Семавик® Некст-ро дар вояи зиёдтар аз миқдори зарурӣ истифода карда бошед
Фавран ба духтури табобатии худ муроҷиат намоед. Дар Шумо мумкин аст, аксуламалҳои номатлуб аз ҷониби роҳҳои меъдаю рӯда (РМР), ба монанди дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ё дарунравӣ пайдо шаванд. Ин метавонад боиси ба беобшавӣ оварда расонад, ки дар ҳолатҳои нодир метавонад боиси бад шудани фаъолияти гурдаҳо гардад.
Агар Шумо истифодаи доруи Семавик® Некст-ро фаромӯш карда бошед
Агар Шумо ворид кардани вояро фаромӯш карда бошед ва:
Ҳеҷ гоҳ барои вояи истифоданашудаи боқимонда вояи дукаратаро ворид накунед.
Агар Шумо истифодаи доруи Семавик® Некст-ро қатъ карда бошед
Бе машварат кардан бо духтури табобатии худ истифодаи доруи Семавик® Некст-ро қатъ накунед. Агар Шумо ягон савол оид ба истифодаи доруи Семавик® Некст дошта бошед, ба духтури табобатӣ муроҷиат намоед.
4. Аксуламалҳои эҳтимолии номатлуб
Ба монанди ҳамаи доруҳо, доруи Семавик® Некст метавонад аксуламалҳои номатлубро ба вуҷуд оварад, аммо онҳо на дар ҳамаи беморон пайдо мешаванд.
Аксуламалҳои ҷиддитарини номатлуб
Истифодаи доруи Семавик® Некст-ро қатъ намуда, ҳангоми пайдо шудани яке аз нишонаҳои зерини аксуламали шадиди ҳассосият (реаксияҳои анафилактикӣ, варами ангионевротикӣ), ки дар ҳолатҳои нодир мушоҳида шудаанд (метавонанд на бештар аз 1 нафар аз 1000 нафарро фаро гиранд), фавран барои гирифтани ёрии тиббӣ муроҷиат намоед:
Агар Шумо бемори гирифтори диабети қанди навъи 2 бошед, ба духтури табобатии худ хабар диҳед, агар ҳангоми табобат бо доруи Семавик® Некст дар Шумо мушкилоти вайроншавии босира, масалан вайроншавии босира, пайдо шаванд, ки зуд-зуд мушоҳида мешаванд (метавонанд на бештар аз 1 нафар аз 10 нафарро фаро гиранд):
Агар Шумо нишонаҳои илтиҳоби ғадуди зери меъда (панкреатити шадид)-ро эҳсос намоед, ки баъзан вақт мушоҳида мешаванд (метавонанд на бештар аз 1 нафар аз 100 нафарро фаро гиранд), фавран барои гирифтани ёрии тиббӣ муроҷиат намоед:
Дигар ҳолатҳои аксуламалҳои эҳтимолии номатлуб, ки ҳангоми истифодаи доруи Семавик® Некст мушоҳида шуда метавонанд
Хеле зуд (дар зиёда аз 1 нафар аз 10 нафар одамон мушоҳида мешавад):
Хеле зуд (дар зиёда аз 1 нафар аз 10 нафар одамон мушоҳида мешавад):
*Нишонаҳои паст шудани сатҳи қанди хун метавонанд ногаҳон пайдо шаванд. Ин нишонаҳоро метавонад дар бар гиранд: арақи хунук, пӯсти сард ва рангпарида, дарди сар, тез шудани набз, эҳсоси бадҳолатӣ (дилбеҳузурӣ) ё гуруснагии шадид, тағйироти босира, хоболуд ҳис кунӣ ё сустӣ, асабоният, изтироб ё сардаргумӣ, душвории диққатҷамъӣ ё ларзиш. Духтури табобатии Шумо ба Шумо мефаҳмонад, ки чӣ гуна сатҳи қанди хунро баланд бардоред ва агар ин нишонаҳои огоҳкунанда пайдо шаванд, чӣ бояд кард. Агар Шумо инчунин ҳосилаҳои сулфонилмочевина ё инсулинро истифода намоед, эҳтимоли гипогликемия бештар аст. Пеш аз оғози истифодаи Семавик® Некст духтури Шумо метавонад вояи ин доруҳоро камтар кунад.
Баъзан (метавонанд на бештар аз 1 нафар аз 100 нафарро фаро гиранд):
Баъзан (метавонанд на бештар аз 1 нафар аз 1000 нафарро фаро гиранд):
Ба духтури табобатии худ ҳатман хабар диҳед, агар дар Шумо ягон нишонаҳои нав пайдо шаванд ё нишонаҳои мавҷуда бадтар гарданд.
Хабар додан дар бораи аксуламалҳои номатлуб
Агар дар Шумо ягон аксуламалҳои номатлуб пайдо шаванд, бо духтур машварат кунед. Тавсияи мазкур ба ҳама гуна аксуламалҳои эҳтимолии номатлуб, аз ҷумла аксуламалҳое, ки дар варақаи замимашуда зикр нашудаанд, дахл дорад. Ҳамчунин шумо метавонед оиди аксуламалҳои номатлуб мустақиман тавассути низоми хабардиҳии давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё хабар диҳед. Бо хабар додан дар бораи аксуламалҳои номатлуб Шумо барои ба даст овардани маълумоти бештар оид ба бехатарии дору мусоидат менамоед.
Федератсия Россия
Хадамоти федералӣ оид ба назорат дар соҳаи тандурустӣ (Росздравнадзор)
Суроға: 109012, Москва, майдони Славянская, хонаи 4, бинои 1
Телефон: +7 800 550 99 03
Почтаи электронӣ: pharm@roszdravnadzor.gov.ru
Сомона дар шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии “Интернет”: www.roszdravnadzor.gov.ru
5. Нигоҳдории доруи Семавик® Некст
Доруи Семавик® Некст-ро дар ҷойҳои барои кӯдакон дастнорас нигоҳ доред, ки барои кӯдак ноаён бошад.
Пас аз тамом шудани мӯҳлати истифода, ки дар тамға ва бастабандии қаламча-сӯзандору нишон дода шудааст, онро истифода набаред. Санаи таомм шудани мӯҳлати истифода рӯзи охирини ҳамин моҳ ба ҳисоб меравад.
Доруи Семавик® Некст-ро дар яхдон дар ҳарорати аз 2°С то 8°С нигоҳ доред.
Яхбандӣ накунед, дар назди камераи яхдон ҷойгир накунед, агар дору ях баста бошад, онро истифода набаред.
Пас аз истифодаи аввал
Қаламчаи сӯзандоруи истифодашаванда ё ҳамчун захиравӣ нигоҳдошташударо бо дору дар ҳарорати на бештар аз 30°С ё дар ҳарорати аз 2°С то 8°С (дар яхдон) на бештар аз 6 ҳафта нигоҳ доред.
Яхбандӣ накунед. Пас аз истифода қаламчаи сӯзандоруро барои муҳофизат аз нур бо сарпӯш маҳкам намоед. Аз таъсири гармии аз ҳад зиёд муҳофизат намоед.
Агар мушоҳида кардед, ки маҳлул шаффоф ва беранг нест, доруи Семавик® Некст-ро истифода набаред.
Доруро ба қубурҳои обгузар нарезед. Аз корманди дорухона пурсон шавед, ки доруе, ки дигар лозим намешавад, чӣ гуна бояд партов намоед. Ин чораҳо барои ҳифзи муҳити зист мусоидат мекунанд.
6. Таркиби бастабандӣ ва маълумоти дигар
Доруи Семавик® Некст дорои инҳо мебошад
Ҷузъи фаъол семаглутид мебошад.
Семавик® Некст, 0.25 мг/воя, маҳлул барои воридкунии зери пӯст
Ҳар як мл маҳлул 0.68 мг семаглутид дорад. Ҳар як қаламчаи-сӯзандоруи қаблан пуркардашуда дар таркибаш 2.04 мг семаглутидро дар 3 мл маҳлул (8 воя аз 0.25 мг) дорад.
Моддаҳои дигари таркиб: динатрий фосфати дигидрат, пропиленгликол, фенол, маҳлули 10% кислотаи хлорид ва/ё 10% маҳлули гидроксиди натрий — (барои танзими рН), об барои тазриқ.
Семавик® Некст, 0.5 мг/воя, маҳлул барои воридкунии зери пӯст
Ҳар як мл маҳлул 1.34 мг семаглутид дорад. Ҳар як қаламчаи-сӯзандоруи қаблан пуркардашуда дар таркибаш 4 мг семаглутидро дар 3 мл маҳлул (8 воя аз 0.5 мг) дорад.
Моддаҳои дигари таркиб: динатрий фосфати дигидрат, пропиленгликол, фенол, маҳлули 10% кислотаи хлорид ва/ё 10% маҳлули гидроксиди натрий — (барои танзими рН), об барои тазриқ.
Семавик® Некст, 1 мг/воя, маҳлул барои воридкунии зери пӯст
Ҳар як мл маҳлул 1.34 мг семаглутид дорад. Ҳар як қаламчаи-сӯзандоруи қаблан пуркардашуда дар таркибаш 4 мг семаглутидро дар 3 мл маҳлул (4 воя аз 1 мг) дорад.
Моддаҳои дигари таркиб: динатрий фосфати дигидрат, пропиленгликол, фенол, маҳлули 10% кислотаи хлорид ва/ё 10% маҳлули гидроксиди натрий — (барои танзими рН), об барои тазриқ.
Семавик® Некст, 1.7 мг/ воя, маҳлул барои воридкунии зери пӯст
Ҳар як мл маҳлул 2.27 мг семаглутид дорад. Ҳар як қаламчаи-сӯзандоруи қаблан пуркардашуда дар таркибаш 6.8 мг семаглутидро дар 3 мл маҳлул (4 воя аз 1.7 мг) дорад.
Моддаҳои дигари таркиб: динатрий фосфати дигидрат, пропиленгликол, фенол, маҳлули 10% кислотаи хлорид ва/ё 10% маҳлули гидроксиди натрий — (барои танзими рН), об барои тазриқ.
Семавик® Некст, 2.4 мг/ воя, маҳлул барои воридкунии зери пӯст
Ҳар як мл маҳлул 3.2 мг семаглутид дорад. Ҳар як қаламчаи-сӯзандоруи қаблан пуркардашуда дар таркибаш 9.6 мг семаглутидро дар 3 мл маҳлул (4 воя аз 2.4 мг) дорад.
Моддаҳои дигари таркиб: динатрий фосфати дигидрат, пропиленгликол, фенол, маҳлули 10% кислотаи хлорид ва/ё 10% маҳлули гидроксиди натрий — (барои танзими рН), об барои тазриқ.
Доруи Семавик® Некст дар таркибаш натрий дорад (нигаред ба бахши 2)
Намуди берунии доруи Семавик® Некст ва таркиби бастабандӣ
Маҳлули Семавик® Некст барои воридкунии зерипӯстӣ маҳлули шаффофи беранг ё қариб беранг мебошад.
3 мл дору дар картриҷҳои шишагии беранги мӯътадил (синфи гидролитикии 1) бо фишангҳои резинии аз каучуки бромбутилӣ сохташуда, ки бо сарпӯшҳои омехтаи алюминӣ ва дискҳои резинии аз каучуки бромбутилӣ сохташуда маҳкам карда шудаанд.
Картриҷ дар қаламчаи сӯзандоруи пластикии бисёрвояи яккарата барои тазриқҳои такрорӣ ҷойгир карда мешавад, ки имкони ворид намудани вояҳои 0.25/0.5/1.0/1.7/2.4 мг/вояро фароҳам меорад. Ба танаи ҳар як қаламча-сӯзандору тамғакоғази полипропиленӣ часпонида мешавад.
1 қаламча-сӯзандоруи қаблан пуркардашудаи бисёрвояи истифодаи яккарата барои тазриқҳои такрорӣ ва 1 қуттии картонӣ, ки 4 сӯзани истифодаи яккарата дорад, ҳамроҳ бо варақаи замимашуда, ки дастурамал оид ба истифодаи қаламча-сӯзандоруро дар бар мегирад, дар бастаи картонӣ ҷойгир карда мешаванд.
Дорандаи шаҳодатномаи бақайдгирӣ
Федератсияи Россия ҶДММ «ГЕРОФАРМ»
191119, ш. Санкт-Петербург, кӯч. Звенигородская, х. 9. Тел: +7 (812) 703 79 75 (бисёршабака)
Факс: +7 (812) 703 79 76
Почтаи электронӣ: inform@geropharm.ru
Истеҳсолкунанда
Федератсияи Россия ҶДММ «ГЕРОФАРМ»
1. Вилояти Москва, шаҳри Серпухов, шаҳраки саноатии Оболенск, ҳудуди “Квартали А”, хонаи 1.
2. Вилояти Москва, шаҳри Серпухов, шаҳраки саноатии Оболенск, ҳудуди “Квартали А”, бинои 1, хонаи 5.
3. Вилояти Москва, шаҳри Серпухов, шаҳраки саноатии Оболенск, ҳудуди “Квартали А”, бинои 82, хонаи 4.
Ҳамаи даъвоҳои истеъмолкунандагон бояд ба намояндаи дорандаи шаҳодатномаи бақайдгирӣ ё ба дорандаи шаҳодатномаи бақайдгирӣ ирсол карда шаванд:
Федератсияи Россия ҶДММ «ГЕРОФАРМ»
196608, ш. Санкт-Петербург, ш. Пушкин, гузаргоҳи Ячевский, х. 4, бинои 1. Тел: +7 (812) 703 79 75
Факс: +7 (812) 703 79 76
Почтаи электронӣ: inform@geropharm.ru; farmakonadzor@geropharm.com
Манбаъҳои дигари маълумот
Маълумоти муфассал оид ба ин дору дар сомонаи Иттиҳод дастрас астhttps://eec.eaeunion.org/
Қаламча-сӯзандору — қаламча-сӯзандоруи пешакӣ пуршудаи истифодаи яккарата ва барои тазриқҳои бисёркарата мебошад (минбаъд “қаламча-сӯзандору” номида мешавад), ки дар дохилаш воситаи глипогликемикии Семаглутид ва муодили пептиди-1 монанд ба глюкагон (МГП -1) ҷойгир шудааст.
Семавик®Некст (0.25 мг/воя, 0.5 мг/воя, 1 мг/воя, 1.7 мг/воя, 2.4 мг/воя) маҳлули пешакӣ пуркардашуда барои воридкунии зери пӯст мебошад. Як қаламча-сӯзандору 3 мл маҳлулро дорад.
Дар ҳар як қаламча-сӯзандоруи Семавик® Некст танҳо як вояро интихоб кардан мумкин аст: 0.25 мг ё 0.5 мг ё 1 мг ё 1.7 мг ё 2.4 мг.
Қаламча-сӯзандору барои истифода бо сӯзанҳои яккаратаи тазриқии WellFine, Dexfine ва Verifine пешбинӣ шудааст. Бастаи доруи Семавик® 4 сӯзанҳои WellFine 4 mm 32G ё Dexfine 4 mm 32G ё Verifine 4 mm 32G-ро дар бар мегирад.
Доруи Семавик® Некстро бо истифода аз сӯзанҳои дарозии то 8 мм ворид кардан мумкин аст.
Пеш аз ҳар як тазриқ сӯзани навро истифода кардан зарур аст. Пас аз тазриқ қаламча-сӯзандоруро бе сӯзан нигоҳ доред ва интиқол диҳед! Ин басташавии сӯзан, ифлосшавӣ, сироятшавӣ, ихроҷ ва вояи нодуруст пешгирӣ мекунад.
Сӯзанҳоро мувофиқи талаботи маҳаллӣ, бо риояи қоидаҳо ва дастурҳо оид ба муомила бо маводҳои эҳтимолан сироятшуда партов намоед.
Қаламча-сӯзандоруро бояд танҳо як нафар истифода барад. Қаламча-сӯзандоруро бо шахси дигар барои истифода додан мумкин нест.
Агар доруи Семавик® Некст дар қаламча-сӯзандору ба ҷуз маҳлули беранг ва шаффоф ба чизе дигар монанд бошад, онро истифода набаред.
Қаламча-сӯзандоруро дар ҳарорати паст (паст аз 2°C) ё баланд (аз 30°C боло) нагузоред. Қаламча-сӯзандоруро дар яхдон ҷойгир накунед. Қаламча-сӯзандоруро ях кунонидан манъ аст!
Қаламча-сӯзандоруҳои истифодашуда бояд партов карда шаванд ва дубора истифода намешаванд (пур карда намешаванд).
Ҳангоми интиқоли қаламча-сӯзандору дар ҳарорати баланд ё паст беҳтар аст, ки аз яхдон/халтаи махсус (масалан, яхдони истеҳсоли ширкати GEROPHARM) истифода баред.
Қаламча-сӯзандоруҳо ва сӯзанҳои онро дар ҷойҳои дастнорас, алалхусус барои кӯдакон нигоҳ доред.
Барои таъмири мустақилонаи қаламча-сӯзандору кӯшиш накунед. Дар сурати вайрон шудан бо ташкилоте, ки шикоятҳои истеъмолкунандагонро қабул мекунад ва дар варақаи бастаи маҳсулот нишон дода шудааст, маълумот расонед. Телефони хати иттилоотии кӯмаки ГЕРОФАРМ: 8 (800) 333-43-76.
Пеш аз тазриқи якум дастурҳои истифодаи қаламча-сӯзандоруи истифодаи яккаратаи пешакӣ пуркардашуда бодиққат хонед ва онро фаҳмед.
Дар бораи истифодаи қаламча-сӯзандору бо духтури табобатӣ (мутахассис) машварат кунед. Намоиш додани истифодаи дурусти қаламча-сӯзандоруро талаб кунед. Тазриқи якуми шумо бояд таҳти назорати духтур ё ҳамшираи шафқат анҷом дода шавад.
Тамғакоғази дар болои қаламча-сӯзандоруи мавҷудбударо хонед ва боварӣ ҳосил намоед, ки шумо маҳз ҳамин доруи таъинкардаи духтурро бо вояи дуруст истифода мебаред, инчунин мӯҳлати истифодаашро санҷед. Баъдан барои шинос шудан бо хусусиятҳо ва ҷузъҳои таркибии қаламча-сӯзандору ба расмҳои зер нигаред.
Пеш аз истифодаи қаламча-сӯзандоруи худ онро оиди мавҷуд будани осебҳои механикии намоён ё рехтани моеъ (ки нишонаи вайроншавии герметикаи картридж аст) аз назар гузаронед. Агар шумо боварӣ надошта бошед, ки қаламча-сӯзандору дар ҳолати коршоям аст ва дар он осебҳо дида намешавад, ҳеҷ гоҳ онро истифода набаред. Пеш аз ҳар як тазриқ қаламча-сӯзандоруи худро ҳамеша тафтиш кунед.
Дастурҳои истифодаи қаламча-сӯзандоруро бодиққат риоя кунед: афтидани қаламча-сӯзандору ё таъсири омилҳои беруна ба он (таъсири гармӣ, нури мустақими офтоб, осеби механикӣ ва ғайра) пешгирӣ кунед. Агар осеб ҷой дошта бошад, истифодаи қаламча-сӯзандоруи нав оғоз карда шавад.
Бемороне, ки биноии паст ё мушкилоти шадиди босира доранд ва ҳисобкунаки вояро хонда наметавонанд, бояд қаламча-сӯзандоруро таҳти назорати кормандони соҳаи тандурустӣ, хешовандон ё шахси дорои биноии хуб, ки оиди ворид кардани доруворӣ бо қаламча-сӯзандоруи пешакӣ пуршуда омӯзонида шудааст, истифода баранд.
Шахсони бо нигоҳубин машғулбуда бояд ба сӯзанҳои истифодашударо бо эҳтиёти махсус муносибат кунанд, то ки аз захми сӯзан ва сироятёбии салибшакл пешгирӣ кунанд.