EN
EN RU AZ ES TJ

ДАСТУРАМАЛ БАРОИ ИСТИФОДАИ ТИББИИ ДОРУИ Семавик®

Номгӯи тиҷоратӣ: Семавик®

Номгӯи байналмилалии бе патент (НББП): семаглутид

Шакли дору: маҳлул барои воридкунии зери пӯст

Таркиб: 1 мл маҳлул дар таркибаш: ҷузъи фаъол: семаглутид – 1.34 мг; моддаҳои ёрирасон: динатрий фосфати дигидрат – 1.42 мг, пропиленгликол – 14.0 мг, фенол – 5.5 мг, маҳлули 10% кислотаи хлорид ва/ё 10% маҳлули гидроксиди натрий – барои танзими рН то 7.4, об барои тазриқ – то 1 мл.

Тавсиф: Маҳлули беранг ё қариб беранг.

Гурӯҳи фармасевтии доруворӣ: Воситаи гипогликемикӣ – муодили пептиди 1 глюгаконмонанд (МГП-1).

Рамзи АТХ: А10В106.

Хусусиятҳои фармакологӣ

Семаглутид агонисти ретсептори МГП-1 мебошад, ки бо роҳи химиявӣ тавлид карда шудааст (МГП-1Р). Семаглутид муодили МГП-1 бо 94% гомология ба МГП-1 инсон мебошад. Семаглутид ҳамчун агонисти МГП-1Р амал мекунад ва ба таври интихобӣ ба МГП-1Р пайваст шуда, онро фаъол мекунад. МГП-1Р барои МГП-1-и табиӣ ҳадаф мебошад. МГП-1 гормони физиологӣ мебошад, ки ба танзими миқдори глюкоза ва иштиҳо, инчунин ба низоми дилу рагҳо (НДР) якчанд таъсири гуногун мерасонад. Таъсир ба миқдори глюкоза ва иштиҳо махсусан тавассути ретсепторҳои МГП-1Р, ки дар ғадуди зери меъда ва мағзи сар ҷойгиранд, ба амал меояд. Миқдори фармакологии семаглутид миқдори глюкозаи хун ва вазни баданро тавассути якҷоя кардани таъсирҳое, ки дар зер тавсиф шудаанд, паст мекунад. Ресепторҳои МГП-1Р инчунин дар минтақаҳои мавзеъҳои махсуси дил, рагҳои хун, низоми масуният ва гурдаҳо мавҷуданд, ки дар он ҷо фаъолшавии онҳо метавонад таъсироти дилу рагҳо (CV) ва микросиркуляториро ба вуҷуд орад. Дар тафовут аз МГП-1-и табиӣ, давраи дарозшудаи нисф баровардани семаглутид (тахминан 1 ҳафта) имкон медиҳад, ки он як маротиба дар 1 ҳафта зери пӯст (з/п) ворид карда шавад. Пайвастшавӣ бо албумин механизми асосии таъсири тӯлонии семаглутид мебошад, ки боиси коҳиши ихроҷи он аз гурда ва ҳифз аз таҷзияи метаболикӣ мегардад. Ғайр аз ин, семаглутид ба таҷзияи дипептидил пептидаза-4 тобовар аст. Семаглутид миқдори глюкозаи хунро тавассути ҳавасмандгардонии бо глюкоза вобастаи истеҳсоли инсулин ва пахш кардани ихроҷи глюкагон паст мекунад. Ҳамин тариқ, вақте ки миқдори глюкозаи хун баланд мешавад, ихроҷи инсулин ҳавасманд карда мешавад ва ихроҷи глюкагон коҳиш дода мешавад. Механизми паст кардани гликемия инчунин таъхири начадон зиёди холишавии меъдаро дар марҳилаи аввали пас аз хӯрок дар бар мегирад. Ҳангоми гипогликемия семаглутид ихроҷи инсулинро бе кам кардани ихроҷи глюкагон паст мекунад. Семаглутид вазни умумии бадан ва ҳаҷми чарбро тавассути кам кардани истеъмоли қувва коҳиш медиҳад. Механизми мазкур коҳиши умумии иштиҳо, аз ҷумла тақвияти сигналҳои серӣ ва сигналҳои гуруснагӣ, инчунин беҳтар шудани назорати истеъмоли хӯрок ва кам шудани майли хӯрокро дар бар мегирад. Муқовимати ба инсулин низ коҳиш меёбад, эҳтимол аз сабаби камшавии вазни бадан. Ғайр аз ин, семаглутид хоҳиши хӯрокҳои дорои равғани зиёдро паст мекунад. Тадқиқотҳо бо ҳайвонот нишон доданд, ки семаглутид аз ҷониби мавзеъҳои мушаххаси мағзи сар ҷаббида мешавад ва сигналҳои калидии сершавиро тақвият медиҳад ва сигналҳои калидии гуруснагиро заиф мекунад. Бо таъсир расонидан ба мавзеъҳои ҷудогонаи бофтаи мағзи сар семаглутид нейронҳои вобаста ба сершавиро фаъол мекунад ва нейронҳои вобаста ба гуруснагиро пахш мекунад. Дар озмоишҳои клиникӣ (ОК) семаглутид ба липидҳои плазма таъсири мусбат расонид, фишори хуни систоликиро (ФХ) коҳиш дод ва илтиҳобро кам кард. Таҳқиқотҳо бо ҳайвонот маълум шуд, ки семаглутид инкишофи атеросклерозро бозмедорад ва аз пайдоиши минбаъдаи лахтаҳои шоҳраг пешгирӣ мекунад ва илтиҳобро дар лахтаҳо коҳиш медиҳад.

Фармакодинамика

Ҳамаи таҳқиқотҳои фармакодинамикӣ пас аз 12 ҳафтаи табобат (аз ҷумла давраи зиёдкунии воя) дар миқдорҳои устувори семаглутид 1 мг 1 маротиба дар як ҳафта гузаронида шуданд.

Сатҳи глюкоза ҳангоми шиками гурусна ва постпрандиалӣ

Семаглутид сатҳи глюкозаро ҳангоми шиками гурусна ва постпрандиалиро коҳиш медиҳад. Дар муқоиса бо платсебо, табобат бо семаглутид бо миқдори 1 мг дар беморони гирифтори диабети қанди навъи 2 (ДҚ 2) боиси коҳиши сатҳи глюкоза аз ҷиҳати тағйироти мутлақ аз сатҳи ибтидоӣ (ммоль/л) ва коҳиши нисбӣ дар муқоиса бо платсебо (%) барои: глюкоза пеш аз истеъмоли хӯрок (1.6 ммоль/л; 22%); консентратсияи глюкозаи 2-соата пас аз хӯрокхӯрӣ (4.1 ммоль/л; 37%); консентратсияи миёнаи глюкозаи 24-соата (1.7 ммоль/л; 22%); ва авҷи глюкозаи постпрандиалӣ дар давоми 3 маротиба истеъмол кардани хӯрок (0.6–1.1 ммоль/л) гардид. Семаглутид миқдори глюкозаро ҳангоми шиками гурусна пас аз вояи якум коҳиш дод.

Функсияи ҳуҷайраҳои бетаи ғадуди зери меъда ва ихроҷи инсулин

Семаглутид сатҳи глюкозаро ҳангоми шиками гурусна ва постпрандиалиро коҳиш медиҳад. Дар муқоиса бо платсебо, табобат бо семаглутид бо миқдори 1 мг дар беморони гирифтори диабети қанди навъи 2 (ДҚ 2) боиси коҳиши сатҳи глюкоза аз ҷиҳати тағйироти мутлақ аз сатҳи ибтидоӣ (ммоль/л) ва коҳиши нисбӣ дар муқоиса бо платсебо (%) барои: глюкоза пеш аз истеъмоли хӯрок (1.6 ммоль/л; 22%); консентратсияи глюкозаи 2-соата пас аз хӯрокхӯрӣ (4.1 ммоль/л; 37%); консентратсияи миёнаи глюкозаи 24-соата (1.7 ммоль/л; 22%); ва авҷи глюкозаи постпрандиалӣ дар давоми 3 маротиба истеъмол кардани хӯрок (0.6–1.1 ммоль/л) гардид. Семаглутид миқдори глюкозаро ҳангоми шиками гурусна пас аз вояи якум коҳиш дод.

Ихроҷи глюкагон

Семаглутид миқдори глюкагонро дар вақти гуруснагӣ ва пас аз хӯрок коҳиш медиҳад. Дар беморони гирифтори ДҚ навъи 2 семаглутид дар муқоиса бо платсебо ба коҳиши нисбии консентратсияи глюкагон мегардад: консентратсияи глюкагон дар рӯзадорӣ (8–21%), вокуниши глюкагон дар рӯзадорӣ (14–15%) ва консентратсияи миёнаи ҳаррӯзаи глюкагон (12%) мерасонад.

Ихроҷи инсулини вобаста ба глюкоза ва ихроҷи глюкагони вобаста ба глюкоза

Семаглутид сатҳи баланди глюкозаи хунро тавассути ҳавасмандгардонии ихроҷи инсулин ва коҳиш додани ихроҷи глюкагон вобаста ба глюкоза коҳиш дод. Суръати ихроҷи инсулин пас аз ворид кардани семаглутид ба беморони гирифтори ДҚ навъи 2 бо суръати ихтиёриёни солим дар сатҳи мутобиқ буд. Ҳангоми гипогликемияи индуксионӣ семаглутид дар муқоиса бо платсебо вокуниши зиддитанзимкунии афзоиши миқдори глюкагонро тағйир надод ва инчунин коҳиши миқдори C-пептидро дар беморони гирифтори ДҚ навъи 2 шадидтар нагардонд.

Холишавии меъда

Семаглутид боиси каме таъхирро дар холишавии меъда пас аз хӯрокхӯрии барвақт гардид ва бо ин васила суръати воридшавии глюкозаро пас аз хӯрокхӯрӣ ба хун коҳиш дод.

Вазни бадан ва таркиби бадан

Ҳангоми истифодаи семаглутид нисбат ба маводҳои таҳқиқшудаи муқоисашаванда (платсебо, ситаглиптин, экзенатид-озодшавиаш тӯлонӣ (ОТ), дулаглутид ва инсулин гларгин) боиси камшавии бештари вазн гардид (нигаред ба бахши “Самаранокии клиникӣ ва бехатарӣ”). Камшавии вазн ҳангоми истифодаи семаглутид асосан аз ҳисоби кам шудани ҳаҷми чарб вобаста буд, ки аз камшавии ҳаҷми мушак 3 маротиба зиёдтар буд.

Иштиҳо, истеъмоли калорияҳо ва интихоби маводҳои хӯрока

Дар муқоиса бо платсебо семаглутид истеъмоли калорияро дар се истеъмоли хӯроки пайдарпайи ad libitum ба 18–35% кам кард. Ба ин коҳиши иштиҳо тавассути истеъмоли семаглутид ҳам ҳангоми гурусна будан ва ҳам дар пас аз истеъмоли хӯрок, беҳтар шудани назорати хӯрок ва коҳиш додани майл ба хӯрок, махсусан хӯрокҳои серравған, мусоидат кард.

Липидҳо ҳангоми гурусна будан ва липидҳои постпрандиалӣ

Дар муқоиса бо платсебо семаглутид миқдори триглисерид ва холестирини липопротеинҳои зичиашон хеле паст (VLDL)-ро дар вақти гуруснагӣ мутаносибан ба 12% ва 21% коҳиш дод. Афзоиши миқдори холестерини триглисерид ва ЛПЗП пас аз хӯрокхӯрӣ дар посух ба истеъмоли хӯроки серравған беш аз 40% коҳиш ёфт.

Электрофизиологияи дил (ЭФД)

Таъсири семаглутид ба дигаргуншавии қутби дил дар як таҳқиқоти ЭФД санҷида шуд. Истифодаи семаглутид бо миқдори зиёдтар аз миқдори табобатӣ (то 1.5 мг дар ҳолати устувор) боиси дароз шудани фосилаи ислоҳшудаи QT нашуд.

Фармакокинетика

Дору барои истеъмол 1 маротиба дар як ҳафта мувофиқ аст, зеро давраи нисф хориҷшавии семаглутид тақрибан 1 ҳафта аст.

Ҷаббиш

Вақти расидан ба миқдори калонтарин дар таркиби плазма (Cmax) аз 1 то 3 рӯз пас аз истеъмолро ташкил кард. Миқдори устувори дору (AUCt/24) пас аз 4–5 ҳафтаи истеъмоли 1 маротиба дар як ҳафта ба даст омад. Пас аз ворид кардани 0.5 мг ва 1 мг семаглутид ба зери пӯст миқдори миёнаи устувори ҳолати беморони гирифтори ДҚ навъи 2 мутаносибан тақрибан 16 нмол/л ва 30 нмол/л буд. Таъсирнокии семаглутид ҳангоми вояҳои 0.5 мг ва 1 мг мутаносибан бо вояи воридшуда меафзояд. Ҳангоми ворид кардани семаглутид ба зери пӯст ба девори пеши шикам, рон ё болои бозу таъсири монанд ба даст оварда мешавад. Дастрасии мутлақи биологии семаглутид пас аз ворид кардани зери пӯст 89%-ро ташкил дод.

Тақсимот

Ҳаҷми миёнаи тақсимоти семаглутид дар бофтаҳо пас аз ворид кардан ба зери пӯст ба беморони гирифтори ДҚ навъи 2 тақрибан 12.5 л буд. Семаглутид ба таври васеъ ба албумини плазмаи хун пайваст мешуд (> 99%).

Дигаргуншавии биологӣ

Семаглутид тавассути таҷзияи протеолитикии асоси пептид ва бета-оксидшавии минбаъдаи кислотаи равғании занҷири паҳлӯӣ мубодила мешавад.

Бартарафшавӣ

Роҳи меъдаву рӯда (РМР) ва гурдаҳо роҳҳои асосии ихроҷи семаглутид ва метаболитҳои он мебошанд. 2/3 ҳиссаи вояи семаглутиди воридшуда тавассути гурда ва 1/3 ҳисса тавассути рӯдаҳо хориҷ карда мешавад. Тахминан 3% миқдори воридшуда аз гурдаҳо ҳамчун семаглутиди тағйирнаёфта хориҷ мешавад. Дар беморони гирифтори ДҚ навъи 2 клиренси семаглутид тақрибан 0.05 л/соат буд. Бо давраи нисф хориҷшавии бартарафшаванда тақрибан 1 ҳафта, семаглутид пас аз вояи охирин тақрибан 5 ҳафта дар гардиши умумӣ боқӣ мемонад.

Гурӯҳҳои махсуси беморон

Танзими вояи семаглутид вобаста ба синну сол, ҷинс, нажод, миллат, вазни бадан ё мавҷудияти норасоии гурда ё ҷигар талаб карда намешавад.

Синнусол

Дар асоси маълумот аз озмоишҳои марҳилаи 3а, ки беморони аз 20 то 86 соларо дар бар гирифтанд, синну сол ба фармакокинетикаи семаглутид таъсир нарасонд.

Ҷинс

Ҷинс ба фармакинетикаи семаглутид таъсир нарасонд.

Нажод

Гурӯҳи нажодӣ (сафедпӯст, сиёҳпӯст, афроамерикоӣ ё осиёӣ) ба фармакокинетикаи семаглутид таъсир нарасонд.

Мансубияти қавмӣ

Қавмият (америкоии лотинӣ) ба фармакокинетикаи семаглутид таъсир нарасонд.

Вазни бадан

Вазни бадан ба таъсири семаглутид таъсир расонд. Вазни зиёди бадан боиси таъсири паст мегардад. Вояҳои семаглутидҳои 0.5 мг ва 1 мг таъсири кофии доруро дар доираи вазни бадан аз 40 то 198 кг таъмин мекунанд.

Норасоии гурда

Норасоии гурда ба фармакокинетикаи семаглутид таъсири клиникии назаррас нарасонидааст. Ин дар беморони дорои дараҷаҳои гуногуни норасоии гурда (сабук, миёна, шадид ё дар диализ қарордошта) дар муқоиса бо беморони дорои фаъолияти муқаррарии гурда дар тадқиқоти вояи яккаратаи семаглутид ба миқдори 0.5 мг нишон дода шуд. Ин инчунин дар озмоишҳои клиникии марҳилаи 3а дар беморони гирифтори ДҚ навъи 2 ва норасоии гурда нишон дода шуд, гарчанде ки таҷриба дар беморони гирифтори бемории гурдаи марҳилаи ниҳоӣ маҳдуд буд.

Норасоии ҷигар

Норасоии ҷигар ба таъсири семаглутид таъсир нарасонд. Хусусиятҳои фармакокинетикии семаглутид дар тадқиқоти яккарата ба миқдори 0.5 мг семаглутид дар беморони гирифтори дараҷаи гуногуни норасоии ҷигар (сабук, миёна, шадид) дар муқоиса бо беморони дорои функсияи муқаррарии ҷигар арзёбӣ карда шуданд.

Кудакон ва наврасон

Тадқиқоти таъсири семаглутид дар кӯдакон ва наврасони то 18-сола гузаронида нашудааст.

Нишондодҳо барои истифода

Семавик® барои истифода дар беморони калонсоли гирифтори ДҚ навъи 2, дар баробари парҳез ва машқ таъин шудааст барои беҳтар кардани назорати гликемикӣ ҳамчун:

  • монотерапия
  • табобати якҷоя бо дигар доруҳои гипогликемикии пероралӣ (ДГГП) — дар бемороне, ки бо табобати қаблӣ назорати кофии гликемикӣ ба даст наовардаанд
  • табобати якҷоя бо инсулин дар бемороне, ки ҳангоми табобат бо доруи Семавик® ва метформин назорати кофии гликемикиро ба даст наовардаанд

Доруи Семавик® барои коҳиш додани хатари ҳодисаҳои ҷиддии дилу рагҳо* дар беморони гирифтори ДҚ навъи 2 ва хатари баланди дилу рагҳо ҳамчун илова ба табобати меъёрии дилу рагҳо (дар асоси таҳлили вақти фарорасии аввалин ҳодисаи асосии дилу рагҳо — ба бахши “Хусусиятҳои фармакологӣ”, зербахши “Арзёбии таъсир ба бемориҳои асосии дилу рагҳо” нигаред) таъин шудааст.

*ҳодисаҳои асосии дилу рагҳо дар бар мегиранд: марг бо сабаби нуқсонҳои дилу рагҳо, сактаи миокарди ғайримарговар ва сактаи майнаи сари ғайримарговар.

Нишондиҳандаҳои манъи истеъмол

  • ҳассосияти баланд ба семаглутид ё ягон ҷузъи ёрирасон;
  • саратони ғадуди сипаршакли медуллярӣ дар таърихи бемориҳо, аз ҷумла дар таърихи бемориҳои ирсӣ;
  • Неоплазияи сершумори эндокринӣ (НСЭ) навъи 2;
  • диабети қанди навъи 1 (ДҚ 1);
  • кетоатсидози диабетӣ.

Истифодаи доруи Семавик® дар гурӯҳҳои зерини беморон ва дар ҳолатҳо/бемориҳои зерин бинобар набудани маълумот дар бораи самаранокӣ ва бехатарӣ ё таҷрибаи маҳдуди истифода манъ аст:

  • ҳомиладорӣ ва давраи синамаконии кӯдак;
  • синни то 18-сола;
  • марҳилаи терминалии бемории гурда д(клиренси креатинин (КК) < 15 мл/дақ);
  • норасоии музмини дил (НМД) синфи IV-и функсионалӣ (мувофиқи таснифоти Ассотсиатсияи кардиологии Ню-Йорк (NYHA)).

Бо эҳтиёт

Семавик®-ро бояд бо эҳтиёт дар беморони гирифтори норасоии гурда ва дорои бемории панкреатит истифода кардан зарур аст (нигаред ба бахши “Дастурҳои махсус”).

Истифода дар давраи ҳомиладорӣ ва синамаконӣ

Ҳомиладорӣ

Таҳқиқоти ӯ бо ҳайвонот заҳролудшавии репродуктивии доруро нишон доданд (нигаред ба бахши “Маълумоти то тадқиқоти клиникӣ оиди бехатарӣ”). Маълумот дар бораи истифодаи семаглутид дар занони ҳомиладор маҳдуд аст. Истифодаи семаглутид ҳангоми ҳомиладорӣ манъ аст. Ба занони дорои қобилияти нигоҳдошташудаи репродуктивӣ тавсия дода мешавад, ки ҳангоми табобат бо семаглутид аз маводҳои контрасепсия истифода баранд. Агар зани бемор ҳомиладор шуданро ба нақша гирифта бошад ё аллакай ҳомиладор бошад, табобати семаглутид бояд қатъ карда шавад. Бо сабаби давраи хориҷшавии тӯлонии нисфи дору табобат бо семаглутид бояд ҳадди аққал 2 моҳ пеш аз ҳомиладории ба нақша гирифташуда қатъ карда шавад (нигаред ба бахши “Фармакокинетика”).

Давраи синамаконӣ

Дар каламушҳои ширдеҳ семаглутид ба шир ворид шуд. Хатарро барои кӯдаки ширмак истисно карда намешавад. Истифодаи семаглутид ҳангоми синамаконӣ манъ аст.

Тарзи истифода ва вояҳо

Тарзи истифода

Доруи Семавик®-ро ҳафтае 1 маротиба дар вақти дилхоҳ новобаста аз истеъмоли хӯрок истифода мекунанд. Доруи Семавик®-ро ба зери пӯст (ЗП) ба шикам, рон ё болои бозу ворид мекунанд. Ҷойи тазриқро бе танзими воя иваз кардан мумкин аст. Доруи Семавик® набояд ба дохили варид ё ба дохили мушак ворид карда шавад. Маълумот дар бораи усули воридкунӣ дар бахши “Дастурҳо оиди истифода” оварда шудааст. Дар ҳолати зарурӣ рӯзи воридкунии ҳафтаинаро метавон тағйир дод, ба шарте ки фосилаи байни ду тазриқ ҳадди аққал 3 рӯз (> 72 соат) бошад.

Вояҳо

Вояи якуми Семавик® 0.25 мг 1 маротиба дар як ҳафта аст. Пас аз 4 ҳафтаи истифода воя бояд 1 маротиба дар як ҳафта то 0.5 мг зиёд карда шавад. Барои беҳтар кардани назорати гликемикӣ пас аз ҳадди аққал 4 ҳафтаи истифода бо вояи 0.5 мг 1 маротиба дар як ҳафта вояро то 1 мг 1 маротиба дар як ҳафта зиёд кардан мумкин аст. Вояи 0.25 мг Семавик® вояи терапевтӣ нест. Доруи Семавик®-ро ҳамчун монотерапия ё дар якҷоягӣ бо як ё якчанд маводҳои гипогликемикӣ истифода бурдан мумкин аст (нигаред ба бахши “Самаранокии клиникӣ ва бехатарӣ”). Ҳангои иловакунии доруи Семавик® ба табобати қаблӣ бо метформин ва/ё тиазолидиндион табобат бо метформин ва/ё тиазолидиндион метавонад дар вояҳои қаблӣ идома дода шавад. Ҳангоми илова кардани доруи Семавик® ба табобат бомаҳсулҳои сулфонилмочевина ё инсулин, барои кам кардани хатари гипогликемия бояд кам кардани вояи сулфонилмочевина ё инсулин ба назар гирифта шавад (нигаред ба бахши “Дастурҳои махсус”). Истифодаи доруи Семавик® амаликунии худназорати сатҳи глюкозаи хунро талаб намекунад. Ҳангоми истифодаи доруи Семавик® дар якҷоягӣ бо сулфонилмочевина ё инсулин барои танзими миқдори сулфонилмочевина ё инсулин худназорати сатҳи глюкозаи хун лозим шуда метавонад.

Вояи бе истифода боқимонда

Дар ҳолате, ки воя бе истифода боқӣ монад, доруи Семавик®-ро бояд ҳарчи зудтар дар давоми 5 рӯз аз лаҳзаи воридкунии миқдори банақшагирифташуда ворид карда шавад. Агар вояи бе истифода монда аз 5 рӯз боқӣ монад, вояи мазкурро набояд ворид кард. Вояи навбатии доруи Семавик® бояд дар рӯзи муқаррарии банақшагирифташуда ворид карда шавад. Дар ҳар як ҳолат беморон метавонанд ҷадвали муқаррарии истифодаи якҳафтаинаи худро аз нав оғоз кунанд.

Истифодаи дору дар гурӯҳҳои махсуси клиникии беморон

Кудакон ва наврасон

Истифодаи доруи Семавик® дар кӯдакони то 18-сола бо сабаби набудани маълумот дар бораи самаранокӣ ва бехатарӣ манъ аст.

Беморони синнусоли калонсол (≥ 65 сола)

Танзими воя вобаста ба синну сол талаб карда намешавад. Таҷрибаи истифодаи семаглутид дар беморони аз 75 сола боло маҳдуд аст.

Беморони дорои вайроншавии кори гурда

Дар беморони дорои вайроншавии кори гурда танзими воя талаб карда намешавад. Таҷрибаи истифодаи доруи Семавик® дар беморони марҳилаи терминалии бемории гурда вуҷуд надорад; истифодаи доруи Семавик® дар ин беморон манъ аст.

Беморони дорои вайроншавии кори ҷигар

Дар беморони гирифтори вайроншавии кори ҷигар танзими воя лозим нест (нигаред ба бахши “Фармакокинетика”). Таҷриба бо доруи семаглутид дар беморони гирифтори норасоии шадиди кори ҷигар маҳдуд аст; истифодаи доруи Семавик® дар ин беморон манъ аст.

Аксуламали манфӣ

Аксуламалҳои манфии (АМ) нисбатан зуд қайдшаванда дар озмоишҳои клиникӣ ихтилоли низоми меъдаву рӯда, аз ҷумла дилбеҳузурӣ, дарунравӣ ва қайкунӣ буданд. Дар маҷмӯъ дараҷаи аксуламалҳои мазкур сабук то миёнаи вазнинӣ ва кӯтоҳмуддат буданд. Аксуламалҳои номатлубе, ки метавонанд аз истифодаи доруи Семавик® ба амал оянд, мувофиқи MedDRA аз рӯи синфи низомҳо ва узвҳо тасниф карда мешаванд ва басомади онҳо мувофиқи тавсияҳои ТУТ зикр мешавад: хеле зиёд (≥ 1/10), зиёд (≥ 1/100 то < 1/10), зиёд не (≥ 1/1,000 то < 1/100), баъзан (≥ 1/10,000 то < 1/1,000), хеле кам (< 1/10,000) ва басомад номаълум (аз маълумоти мавҷуда ҳисоб кардан ғайриимкон). Дар дохили ҳар як гурӯҳбандии басомад, аксуламалҳои номатлуб бо тартиби пастшавии ҷиддӣ пешниҳод карда мешаванд.

Ҷадвали 1. Аксуламалҳои номатлубе, ки ҳангоми ТК марҳилаи 3 муайян карда шудаанд

Низоми узвҳои MedDRA Хеле зиёд Зиёд На он қадар зиёд Баъзан
Вайроншавии низоми масуният       Ҳолатҳои анафилактикӣ
Вайроншавии мубодилаи моддаҳо ва ғизо Гипогликемия⁽ᵃ⁾ ҳангоми табобати якҷоя бо инсулин ё ҳосилаи сулфанилмочевина Гипогликемия⁽ᵃ⁾ ҳангоми истифодаи якҷоя бо дигар дорувории ГПП Кам шудани иштиҳо    
Вайроншавии низоми асаб   Чарх задани сар Дизгевзия  
Нарушения со стороны органа зрения   Осложнения диабетической ретинопатии⁽ᵇ⁾    
Вайроншавии кори дил     Зиёдшавии шумораи кашишҳои мушаки дил (КМД)  
Вайроншавии кори рӯдаю меъда Дилбеҳузурӣ, дарунравӣ Қайкунӣ, дарди шикам, варам, қабзият, диспепсия, гастрит, бемории рефлюкси гастроэзофагеалӣ, оруғдиҳӣ, исҳол    
Вайроншавии кори ҷигар ва роҳҳои талхадон   Холелитиаз    
Вайроншавии умумӣ ва ихтилол дар ҷойи воридкунӣ   Хастагӣ Ангезаҳо дар ҷойи воридкунӣ  
Маълумоти лабораторӣ ва асбобӣ   Афзудани фаъолнокии липаза, афзоиши фаъолнокии амилаза, кам шудани вазни бадан    

⁽ᵃ⁾ гипогликемия, ки ҳамчун шадид (ба кӯмаки дигар одам ниёз дорад) ё симптоматикӣ дар якҷоягӣ бо миқдори глюкозаи плазмаи хун < 3.1 ммоль/л муайян карда мешавад

⁽ᵇ⁾оризаҳои ретинопатияи диабетӣ – ин омезиши: зарурат ба фотокоагулятсияи шабакияи чашм, талабот дар воридкунии интравитреалии дорувориҳо, хунравии ба ҷисми шишамонанд, инкишофи нобиноии вобаста ба диабети қанд

Басомад ба таҳқиқоти ҳодисаҳои дилу рагҳо асос ёфтааст.

Тавсифи ҳолатҳои алоҳидаи номатлуб

Гипогликемия

Ҳангоми монотерапия бо Семавик® ягон ҳолати гипогликемияи шадид мушоҳида нашудааст. Гипогликемияи шадид асосан ҳангоми истифодаи Семавик® дар якҷоягӣ бо сулфонилмочевина ё инсулин мушоҳида шудааст. Якчанд ҳолати гипогликемияи шадид бо Семавик® дар якҷоягӣ бо дигар доруворӣ, ба истиснои сулфонилмочевина, дорувории гипогликемикии даҳонӣ мушоҳида шудааст.

Аксуламалҳои манфии низоми меъдаву рӯда

Ҳангоми табобат бо Семавик® бо вояи 0.5 мг ва 1 мг дар беморон дилбеҳузурӣ, дарунравӣ ва қайкунӣ қайд карда шуд. Аксари аксуламалҳо аз ҷиҳати дараҷа аз сабук то вазнинии миёна ва кӯтоҳмуддат буданд. Аксуламалҳои манфӣ мутаносибан дар 3.9% ва 5.9% беморон боиси хориҷшавии пешазмӯҳлат аз озмоишҳои клиникӣ гардиданд. Аксуламалҳои манфӣ бештар дар моҳҳои аввали табобат қайд карда шуданд.

Оризаҳои ретинопатияи диабетӣ

Дар озмоиши клиникии 2-сола, ки беморони гирифтори ДҚ навъи 2 ва хатари баланди бемориҳои дилу рагҳо, табобати дарозмуддати ДҚ ва назорати нокифояи гликемикӣ иштирок доштанд, ҳолатҳои тасдиқшудаи оризаҳои ретинопатияи диабетӣ дар шумораи бештари беморони бо Семавик® табобатшаванда (3.0%) дар муқоиса бо беморони бо платсебо табобатшаванда (1.8%) инкишоф ёфтанд. Дар беморони гирифтори бемориҳои ретинопатияи диабетикӣ дар аввали озмоиш афзоиши мутлақи хатари оризаҳо баландтар буд. Дар бемороне, ки қаблан бемории ретинопатияи диабетӣ надоштанд, шумораи ҳодисаҳо ҳангоми истифодаи Семавик® ва платсебо якхела буд. Дар ОК, ки то 1 сол давом карданд, басомади аксуламалҳои манфии вобаста ба ретинопатияи диабетӣ дар гурӯҳи истифодаи доруи Семавик® ва гурӯҳҳои истеъмолкунандаи доруҳои муқоисавӣ якхела буд.

Қатъкунии табобат бо сабаби аксуламалҳои номатлуб

Басомади қатъкунии табобат бо сабаби аксуламалҳои номатлуб барои бемороне, ки доруи Семавик® бо вояи1 мг мегирифтанд, 8.7% ташкил кард. Маъмултарин аксуламали номатлубе, ки боиси қатъкунии табобат шуданд, вайроншавии фаъолияти низоми меъдаву рӯда буданд.

Ангезаҳо дар ҷои тазриқ

Ангезаҳо дар ҷои тазриқ (масалан, доначаҳо ва сурхшавӣ дар ҷои тазриқ) дар 0.6% ва 0.5% бемороне, ки семаглутидро мутаносибан бо вояи 0.5 мг ва 1 мг қабул карданд, қайд шуданд. Ин ангезаҳо дар маҷмӯъ.

Ҷавоби масуният

Вобаста ба хусусиятҳои эҳтимолии иммуногении дорувориҳои сафедавӣ ва пептидӣ, беморон метавонанд пас аз табобат бо доруи Семавик® нисбати семаглутид ҷисмҳои ихтилоф пайдо кунанд. Дар охири ТК таносуби бемороне, ки дар лаҳзаи дилхоҳи вақт ҷисмҳои ихтилофӣ нисбати семаглутид ошкор шуданд, паст буд (1–2%) ва дар ягон бемор ҷисмҳои ихтилофии мӯътадилкунандаи семаглутид ё ҷисмҳои ихтилофие, ки самараи безараргардонии эндогении МГП-1 доштанд, ошкор нашуданд.

Агар ягон аксуламали номатлуби дорувории дар дастурамал зикршуда шадидтар шаванд, ё агар ягон аксуламали дигари номатлуби доруворӣ, ки дар дастурамал зикр нашудааст, ба вуҷуд ояд, ба духтур бояд маълумот расонида шавад.

Вояи аз меъёр зиёд

Нишонаҳо

Дар ТК дар бораи вояҳои аз меъёр зиёд то 4 мг дар вояи яккарата ва то 4 мг дар як ҳафта гузориш шудааст. Аксуламали номатлуби бештар қайдшуда дилбеҳузурӣ буд. Ҳамаи беморон бе ориза шифо ёфтанд.

Табобат

Ягон антидоти махсус барои вояи аз меъёр зиёди Семавик® вуҷуд надорад. Дар ҳолати вояи аз меъёр зиёд табобати мувофиқ тибқи нишонаҳо тавсия дода мешавад. Бо назардошти давраи тӯлонии хориҷшавии дору (тахминан 1 ҳафта), муддати тӯлонии мушоҳида ва табобати нишонаҳои вояи аз меъёр зиёд зарур шуда метавонад.

Амали муштарак бо доруҳои дигар

Амали муштараки фармакодинамикӣ

Таҳқиқоти in vitro семаглутид иқтидори хеле пасти боздоштан ё индуксияи ферментҳои ситохроми P450 (CYP) ва боздоштани интиқолдиҳандагони маводи доруро нишон доданд. Таъхир дар холишавии меъда ҳангоми истифодаи семаглутид метавонад ба ҷаббиши доруҳои дигари бо тариқи даҳон истеъмолшаванда таъсир расонад.

Семаглутид бояд дар бемороне, ки доруҳои даҳонӣ истеъмол мекунанд ва ҷаббиши босуръати меъдаву рӯдаро талаб мекунанд, бо эҳтиёт истифода шавад.

Парасетамол

Ҳангоми арзёбии фармакокинетикаи парасетамол дар вақти санҷиши истеъмоли меъёрии хӯрок нишон дод, ки семаглутид холишавии меъдаро бозмедорад. Ҳангоми истеъмоли якҷояи семаглутид бо вояи 1 мг AUC0-60 мин ва Cmax парасетамол мутаносибан ба 27% ва 23% паст шуд. Таъсири умумии парасетамол (AUC0-5 соат) ҳангоми ин тағйир наёфт. Ҳангоми истифодаи якҷояи семаглутид ва парасетамол танзими вояи парасетамол талаб карда намешавад.

Воситаҳои контрасептивҳои ҳормоналии истеъмоли даҳонӣ

Тахмин намеравад, ки семаглутид самаранокии воситаҳои контрасептивҳои ҳормоналии истеъмоли даҳониро паст мекунад. Вақте ки воситаи контрасептиви ҳормоналии истеъмоли даҳонӣ (0.03 мг этинилэстрадиол/0.15 мг левоноргестрел) ва семаглутид якҷоя истифода мешуданд, семаглутид ба таъсири умумии этинилэстрадиол ва левоноргестрел таъсири клиникӣ нишон надод. Таъсири этинилэстрадиол бетағйир монд; афзоиши 20% таъсири левоноргестрел дар ҳолати муътадил мушоҳида шуд. Cmax барои ягон ҷузъ иваз нашудааст.

Аторвастатин

Семаглутид таъсири низомманди аторвастатинро пас аз ворид кардани як вояи аторвастатин (40 мг) тағйир надод. Cmax аторвастатин ба 38% паст шуд. Ин тағйирот аз ҷиҳати клиникӣ ночиз ҳисобида шуд.

Дигоксин

Семаглутид таъсири низомманди ё Cmax-и дигоксинро пас аз ворид кардани як вояи дигоксин (0.5 мг) тағйир надод.

Метформин

Семаглутид таъсири низомманди ё Cmax-и метформинро пас аз ворид кардани метформин бо вояи 500 мг 2 маротиба дар як рӯз дар давоми 3.5 рӯз тағйир надод.

Варфарин

Семаглутид таъсири низомманд ё Cmax-и изомерҳои R- ва S-и варфаринро пас аз ворид кардани як вояи варфарин (25 мг) тағйир надод. Дар асоси муайянкунии таносуби меъёрии байналмилалӣ (ТМБ) ягон тағйироти аз ҷиҳати клиникӣ назарраси таъсири фармакодинамикии варфарин мушоҳида нашудааст.

Номутобиқатӣ

Доруи Семавик®-ро набояд бо дигар воситаҳои доруворӣ, аз ҷумла маҳлулҳои инфузионӣ омехта карда шавад. Моддаҳое, ки ба доруи Семавик® илова карда мешаванд, метавонанд боиси вайроншавии семаглутид шаванд.

Дастурҳои махсус

Доруи Семавик® барои беморони гирифтори ДҚ навъи 1 ё барои табобати кетоатсидози диабетӣ манъ аст. Доруи Семавик® ивазкунандаи инсулин намебошад.

Аксуламалҳои низоми меъдаву рӯда

Истифодаи агонистҳои МГП-1Р метавонад бо аксуламалҳои манфии низоми меъдаву рӯда алоқаманд бошад. Ҳангоми табобати беморони гирифтори норасоии кори гурда инро бояд ба инобат гирифт, зеро дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва дарунравӣ метавонад боиси норасоии оби бадан ва бад шудани фаъолияти гурда гардад.

Панкреатити шадид

Ҳолатҳои панкреатити шадид ҳангоми истифодаи агонистҳои МГП-1Р қайд карда шудаанд. Беморон бояд аз нишонаҳои хоси панкреатити шадид огоҳ карда шаванд. Агар гумони бемории панкреатит бошад, табобат бо доруи Семавик® бояд қатъ карда шавад; агар панкреатити шадид тасдиқ карда шавад, табобати Семавик® набояд оғоз карда шавад. Нисбати беморони дорои бемории панкреатит бояд боэҳтиёт бошед. Дар ҳолати мавҷуд набудани дигар нишонаҳо ва аломатҳои панкреатити шадид баландшавии сатҳи ферментҳои ғадуди зери меъда омили инкишофи панкреатити шадид намебошад.

Гипогликемия

Дар бемороне, ки Семавик®-ро дар якҷоягӣ бо сулфонилмочевина ё инсулин қабул мекунанд, метавонад хатари гипогликемияро зиёд шавад. Ҳангоми оғози табобат бо доруи Семавик® хатари гипогликемияро бо кам кардани вояи сулфонилмочевина ё инсулин коҳиш додан мумкин аст.

Ретинопатияи диабетӣ

Хатари афзоиши оризаҳои ретинопатияи диабетӣ дар беморони қаблан гирифтори ретинопатияи диабетӣ, ки табобатро бор инсулин ва семаглутид мегиранд, мушоҳида шудааст (нигаред ба бахши “Таъсири манфӣ”). Ҳангоми истифодаи семаглутид нисбати беморони гирифтори ретинопатияи диабетӣ, ки бо инсулин табобат мегиранд, бояд эҳтиёткор бошед. Чунин беморон бояд таҳти назорати доимӣ қарор гиранд ва мувофиқи дастурҳои клиникӣ табобат карда шаванд. Беҳтаршавии босуръати назорати гликемикӣ бо бадшавии муваққатии ретинопатияи диабетӣ алоқаманд дониста шуд, аммо сабабҳои дигарро ҳам истисно кардан мумкин нест.

Норасоии кори дил

Таҷрибаи истифодаи доруи Семавик® дар беморони гирифтори НМД дараҷаи IV функсионалӣ тибқи таснифоти NYHA вуҷуд надорад. Истифодаи дору дар ин гуна беморон манъ карда шудааст.

Бемориҳои ғадуди сипаршакл

Дар давраи истифодаи пас аз бақайдгирии муодили дигари ДДГ-1, лираглутид ҳолатҳои саратони медуллярии ғадуди сипаршакл (СМҒС) қайд карда шудаанд. Маълумоти мавҷудбуда барои муқаррар ё истисно кардани робитаи сабабу оқибатҳо байни пайдоиши СМҒС ва истифодаи муодилҳои МГП-1 нокифоя аст. Беморон бояд дар бораи хатари СМҒС ва нишонаҳои омоси ғадуди сипаршакл (ҳаҷми гардан, дисфагия, кӯтоҳнафасӣ, хирроси доимии овоз) огоҳ карда шаванд. Афзоиши ҷиддии сатҳи ҷамъшавии плазма метавонад нишонаи СМҒС бошад (дар беморони гирифтори СМҒС, сатҳи ҷамъшавии плазма одатан > 50 нг/л аст). Ҳангоми муқаррар кардани сатҳи баланди ҷамъшавии плазма муайян карда шавад, муоинаи минбаъдаи бемор тавсия дода мешавад. Бемороне, ки дар онҳо ҳангоми муоина ё ТУС дар ғадуди сипаршакл гиреҳҳо ошкор шудаанд, инчунин бояд аз муоина ва ташхиси иловагӣ гузаранд. Истифодаи семаглутид дар бемороне, ки таърихи шахсӣ ё оилавии СМҒС мезенхималӣ ё бо МЭН навъи 2 доранд, манъ аст.

Маълумоти бехатарии пеш аз клиникӣ

Маълумоти пеш аз клиникӣ, ки ба таҳқиқоти фармакологияи бехатарӣ, заҳролудшавии вояҳои такрорӣ ва заҳролудшавии генотоксикӣ асос ёфтаанд, барои инсон ягон хатаре нишон надоданд. Дар таҳқиқоти 2-солаи оиди пайдошавии саратон дар каламушҳо ва мушҳо дар ҷамъшавии клиники муҳим семаглутид боиси инкишофи омосҳои C-и ҳуҷайраҳои ғадуди сипаршакл гардид. Омосҳои ғайримаргии С-ҳуҷайраҳои ғадуди сипаршакл, ки дар каламушҳо мушоҳида мешаванд, хоси синфи муодилҳои МГП-1 мебошанд. Ин хатар барои одамон паст ҳисобида мешавад, аммо онро пурра истисно кардан мумкин нест.

Қобилияти таносул

Таъсири семаглутид ба таносули инсон номаълум аст. Семаглутид ба таносули каламушҳои нарина таъсир нарасонд. Дар каламушҳои модина афзоиши давраи эстралӣ ва кам шудани шумораи тухмҳои наслдеҳ дар вояҳое, ки бо кам шудани вазни каламуши модина алоқаманданд, мушоҳида карда шуд.

Таъсир ба қобилияти рондани воситаҳои нақлиёт ва идоракунии механизмҳо

Доруи Семавик® ба қобилияти рондани воситаҳои нақлиёт ё идоракунии механизмҳо таъсири кам ё тамоман таъсир надорад. Беморон бояд огоҳ карда шаванд, ки ҳангоми идоракунии мошин ё кор бо механизмҳо, махсусан ҳангоми истифодаи доруи Семавик® якҷоя бо маҳсулҳои сулфонилмочевина ё инсулин барои пешгирии инкишофи гипогликемия чораҳои эҳтиётиро андешанд.

Дастурамали истифода

Қаламчаи-сӯзандоруи қаблан пуркардашудаи Семавик® барои воридкунии вояҳои 0.25 мг, 0.5 мг ва 1 мг-ро имкон медиҳад. Як қаламча-сӯзандору 3 мл маҳлул дорад. Ба маҷмӯи Семавик® сӯзанҳои истифодаи яккарата дохил мешаванд. Ба бемор тавсия дода мешавад, ки сӯзани тазриқиро пас аз ҳар як тазриқи иҷрошуда мувофиқи талаботи маҳаллӣ партов кунад. Қаламча-сӯзандоруи Семавик® танҳо барои истифодаи инфиродӣ таъин шудааст. Агар доруи Семавик® ба маҳлули шаффоф, беранг ё қариб беранг монанд набошад, истифодаи он манъ аст. Агар доруи Семавик® якбаста бошад, набояд истифода шавад. Доруи Семавик®-ро бо сӯзанҳои дарозиашон то 8 мм ворид кардан мумкин аст. Қаламча-сӯзандору барои истифода бо сӯзанҳои яккаратаи тазриқӣ таъин шудааст. Ҳамеша пас аз ҳар як тазриқ сӯзанро хориҷ кунед ва қаламча-сӯзандоруи Семавик®-ро бо сӯзани соқитшуда нигоҳ доред. Ин барои пешгирии басташавии сӯзан, ифлосшавӣ, сироятшавӣ, ихроҷи маҳлул ва воридсозии вояи нодуруст мусоидат мекунад.

Шакли истеҳсол

Маҳлул барои тазриқи зерипӯстӣ, 1.34 мг/мл. 3 мл дору дар дохили картриджҳои шишагини мӯътадил бо фишангҳои резинӣ, ки бо сарпӯшҳои омехтаи алюминӣ ва дискҳои резинӣ печонида шудаанд, ҷойгир шудааст. Картридж ба қаламча-сӯзандоруи истифодаи яккарата ва бисёрвояи пластикӣ барои тазриқи бисёркарата насб карда мешавад. Ба танаи ҳар як қаламча-сӯзандору тамғакоғази полипропиленӣ часпонида мешавад. Дар бастаи картонӣ 1 қаламча-сӯзандоруи истифодаи яккарата ва бисёрвояи қаблан пуркардашуда барои тазриқҳои сершумор ва 4 сӯзани истифодаи яккарата бо дастурамал оиди истифодаи тиббии дору ва дастурамал оиди истифодаи қаламча-сӯзандору ҷойгир карда мешаванд.

Мӯҳлати истифода

2 сол. Пас аз тамом шудани мӯҳлати истифода, ки дар тамға ва бастабандии қаламча-сӯзандору нишон дода шудааст, онро истифода набаред.

Шароити нигоҳдорӣ

Дар ҳарорати аз 2°C то 8°C (дар яхдон) нигоҳ доред, аммо дар наздикии камераи яхбандӣ. Аз нури офтоб муҳофизат кунед. Маҳлул яхбандӣ накунед. Қаламча-сӯзандоруро дар ҳолати истифода ё ҳамчун воситаи эҳтиётӣ дар ҳарорати на бештар аз 30°C ё дар ҳарорати аз 2°C то 8°C (дар яхдон) дар давоми 6 ҳафта нигоҳ доред. Маҳлул яхбандӣ накунед. Пас аз истифода барои муҳофизат аз рӯшноӣ, сарпӯши қаламча-сӯзандоруро пӯшед. Доруи Семавик®-ро аз таъсири барзиёди гармӣ ва рӯшноӣ муҳофизат кунед. Дар ҷойҳои барои кӯдакон дастнорас нигоҳ доред.

Шароити фурӯши дору

Бо дорухат фурӯхта мешавад.

Шахси ҳуқуқие, ки шаҳодатномаи бақайдгирӣ ба номи ӯ дода шудааст

ҶДММ “ГЕРОФАРМ”, Федератсияи Россия 191119, шаҳри Санкт-Петербург, кӯчаи Звенигородская, бинои 9 Телефон: (812) 703-79-75 (бисёршабака), факс: (812) 703-79-76

Истеҳсолкунанда

ҶДММ “ГЕРОФАРМ”, Федератсияи Россия

Истеҳсолкунанда

ҶДММ “ГЕРОФАРМ”, Федератсияи Россия

Ҳама марҳилаҳои раванди истеҳсолот:

1. 142279, Россия, вилояти Москва, шаҳри Серпухов, шаҳраки саноатии Оболенск, ҳудуди “Квартали А”, бинои 5, хонаи 1.

2. 142279, Россия, вилояти Москва, шаҳри Серпухов, шаҳраки коргарии Оболенск, ҳудуди “Квартали А”, бинои 4, хонаи 82

Ташкилоте, ки даъвоҳои истеъмолкунандагонро қабул мекунад

Федератсияи Россия ҶДММ «ГЕРОФАРМ» 196608, ш. Санкт-Петербург, ш. Пушкин, Ячевский проезд, х. 4, б. 1 Телефон: +7 (812) 493-55-01. Факс: +7 (812) 493-55-69. Хати тамос: 8-800-333-4376 (занг дар Россия ройгон). Веб-сомона: www.geropharm.ru

Лутфан маълумотро дар бораи аксуламалҳои номатлуб ба суроғаи inform@geropharm.ru; farmakonadzor@geropharm.com ё ба маълумоти тамосии дар боло зикршудаи ҶДММ “ГЕРОФАРМ” равон кунед.

ДАСТУРАМАЛ ОИДИ ИСТИФОДАИ ҚАЛАМЧА-СӮЗАНДОРУИ ҚАБЛАН ПУРКАРДАШУДАИ ИСТИФОДАИ ЯККАРАТАИ UNOPEN GM-B1

Қаламча-сӯзандоруи UnoPen GM-B1 қаламча-сӯзандоруи пешакӣ пуршудаи истифодаи яккарата ва барои тазриқҳои бисёркарата мебошад (минбаъд “қаламча-сӯзандору” номида мешавад), ки дар дохилаш воситаи глипогликемикии Семаглутид ва муодили пептиди-1 монанд ба глюкагон (МГП-1) ҷойгир шудааст. Семавик® (0.25 мг/воя, 0.5 мг/воя, 1.0 мг/воя) маҳлули пешакӣ пуркардашуда барои воридкунии зери пӯст мебошад, ки барои воридкунии вояҳои 0.25 мг, 0.5 мг ва 1.0 мг имкон медиҳад. Қаламча-сӯзандору барои титр кардани вояи 0.25 мг ва нигоҳ доштани вояи терапевтии 0.5 мг ва 1.0 мг пешбинӣ шудааст. Як қаламча-сӯзандору 3 мл маҳлул дорад.

Имконоти ворид кардани қаламча-сӯзандоруи доруи Семавик®:

Варианти 1 - титркунии воя

4 тазриқ ҳар кадомаш 0.25 мг

4 тазриқ ҳар кадомаш 0.5 мг

1 тазриқ – 1.0 мг

Варианти 2 - Нигоҳ доштани вояи табобатӣ

4 тазриқ ҳар кадомаш 1.0 мг

Қаламча-сӯзандору барои истифода бо сӯзанҳои тазриқии истифодаи яккаратаи BD Micro-Fine™ Plus таъин шудааст. Бастаи доруи Семавик® 4 сӯзанҳои WellFine 4 mm 32G ё Dexfine 4 mm 32G ё Verifine 4 mm 32G-ро дар бар мегирад.

Доруи Семавик®-ро бо сӯзанҳои дарозиашон то 8 мм ворид кардан мумкин аст.

Пеш аз ҳар як тазриқ сӯзани навро истифода кардан зарур аст. Пас аз тазриқ қаламча-сӯзандоруро бе сӯзан нигоҳ доред ва интиқол диҳед! Ин басташавии сӯзан, ифлосшавӣ, сироятшавӣ, ихроҷ ва вояи нодуруст пешгирӣ мекунад. Сӯзанҳоро мувофиқи талаботи маҳаллӣ, бо риояи қоидаҳо ва дастурҳо оид ба муомила бо маводҳои эҳтимолан сироятшуда партов намоед. Қаламча-сӯзандоруро бояд танҳо як нафар истифода барад. Қаламча-сӯзандоруро бо шахси дигар барои истифода додан мумкин нест.

Агар доруи Семавик® дар қаламча-сӯзандору ба ҷуз маҳлули беранг ва шаффоф ба чизе дигар монанд бошад, онро истифода набаред.

Қаламча-сӯзандоруро дар ҳарорати паст (ниже +2°С) ё баланд (выше +30°С) нагузоред. Қаламча-сӯзандоруро дар яхдон ҷойгир накунед. Қаламча-сӯзандоруро ях кунонидан манъ аст!

Қаламча-сӯзандоруҳои истифодашуда бояд партов карда шаванд ва дубора истифода намешаванд (пур карда намешаванд).

Ҳангоми интиқоли қаламча-сӯзандору дар ҳарорати баланд ё паст беҳтар аст, ки аз яхдон/халтаи махсус (масалан, яхдони истеҳсоли ширкати GEROPHARM) истифода баред.

Қаламча-сӯзандоруҳо ва сӯзанҳои онро дар ҷойҳои дастнорас, алалхусус барои кӯдакон нигоҳ доред.

Барои таъмири мустақилонаи қаламча-сӯзандору кӯшиш накунед. Дар сурати вайрон шудан бо ташкилоте, ки шикоятҳои истеъмолкунандагонро қабул мекунад ва дар варақаи бастаи маҳсулот нишон дода шудааст, маълумот расонед.

Телефони хати иттилоотии кӯмаки ГЕРОФАРМ: 8 (800) 333-43-76.

ДАСТУРАМАЛ БАРОИ БЕМОРОН ОИДИ ИСТИФОДАИ ДОРУИ Семавик®

Маҳлул барои воридкунии зери пӯст дар қаламча-сӯзандоруи пешакӣ пуркардашуда (истифодаи яккарата, бисёрвоя, барои сӯзандоруҳои истифодаи бисёркарата)

Пеш аз истифодаи қаламча-сӯзандоруи пешакӣ пуркардашудаи доруи Семавик® дастури мазкурро бодиққат хонед.

Қаламча-сӯзандоруро танҳо пас аз он ки шумо тарзи истифодаи онро таҳти роҳбарии духтур ё ҳамшираи шафқат омӯхтед, истифода баред.

Аз санҷиши қаламча-сӯзандору оғоз кунед, то боварӣ ҳосил намоед, ки дар он доруи Семавик® 0.25 мг/воя, 0.5 мг/воя ё 1 мг/воя маввҷуд аст, баъдан ба расмҳои зер пешниҳодшуда нигаред, то ки бо қисмҳои гуногуни қаламча-сӯзандору ва бо сӯзан шинос шавед.

Агар биноии Шумо паст бошад ё Шумо мушкилоти ҷиддии босира дошта бошед ва рақамҳои рӯи ҳисобкунаки вояро хонда натавонед, қаламча-сӯзандоруро бе кӯмаки дигарон истифода набаред. Шахси дорои босираи хуб, ки оиди истифодаи қаламча-сӯзандоруи пешакӣ пуркардашудаи Семавик® омӯзонида шудааст, метавонад ба шумо кӯмак расонад.

Ин қаламча-сӯзандору қаламча-счӯзандоруи пешакӣ пуркардашуда аст. Дар он дохили он 4 мг семаглутид аст ва он ба шумо имкон медиҳад, ки вояҳои 0.25 мг, 0.5 мг ё 1 мг-ро интихоб кунед. Қаламча-сӯзандору барои истифода бо сӯзанҳои истифодаи яккаратаи дарозиаш то 8 мм истеҳсол шудааст.

Сӯзанҳо ба маҷмӯи баста дохил шудаанд.

Маълумоти муҳим

Ба маълумоте, ки бо ин аломатҳо нишон дода шудаанд, диққати махсус диҳед; ин барои истифодаи бехатари қаламча-сӯзандору хеле муҳим аст.

Ҳамеша пас аз ҳар як тазриқ сӯзанро партоед, то ки тазриқи бароҳат таъмин карда шавад ва шахшавии маҳлул дар он пешгирӣ карда шавад. Агар дар сӯрохи сӯзан маҳлул шах шуда бошад, Шумо ба худ сӯзандору ворид карда наметавонед. Қаламча-сӯзандоруи холиро бо сӯзани соқитшуда тибқи дастури духтур, ҳамшираи шафқат, дорусоз ё қоидаҳои маҳаллӣ соқит карда шудааст, партоед. Ҳеҷ гоҳ кӯшиш накунед, ки сарпӯши даруниро дубора ба сӯзан пӯшонед. Шумо метавонед ба худ захми сӯзан занед. Ҳамеша сӯзанро фавран пас аз ҳар як тазриқ аз қаламча-сӯзандору берун кунед. Ин метавонад аз шахшавии маҳлул дар сӯзан, ифлосшавӣ, сироятшавӣ, ихроҷ ва вояи нодуруст пешгирӣ кунад.

Маълумоти муҳими иловагӣ

Нигоҳубини қаламча-сӯзандору

Бо қаламча-сӯзандоруи худ эҳтиёткор бошед. Муносибати бидуни эҳтиёт ё истифодаи нодуруст метавонад боиси воридкунии вояи нодуруст гардад, ки ин метавонад боиси баланд шудани миқдори қанди хун ё нороҳатӣ дар мавзеи шикам (дилбеҳузурӣ ё қайкунӣ) гардад.

Дастурҳо оид ба истифодаи қаламча-сӯзандоруи пешакӣ пуршуда бо доруи Семавик® 0.25 мг/воя, 0.5 мг/воя, 1.0 мг/воя барои воридкунии зери пӯст

Пеш аз тазриқи якум дастурҳои истифодаи қаламча-сӯзандоруи истифодаи яккаратаи пешакӣ пуркардашудаи UnoPen GM-B1-ро бодиққат хонед ва онро фаҳмед.

Дар бораи истифодаи қаламча-сӯзандору бо духтури табобатӣ (мутахассис) машварат кунед. Намоиш додани истифодаи дурусти қаламча-сӯзандоруро талаб кунед. Тазриқи якуми шумо бояд таҳти назорати духтур ё ҳамшираи шафқат анҷом дода шавад.

Тамғакоғази дар болои қаламча-сӯзандоруи мавҷудбударо хонед ва боварӣ ҳосил намоед, ки шумо маҳз ҳамин доруи таъинкардаи духтурро бо вояи дуруст истифода мебаред, инчунин мӯҳлати истифодаашро санҷед. Баъдан барои шинос шудан бо хусусиятҳо ва ҷузъҳои таркибии қаламча-сӯзандору ба расмҳои зер нигаред.

Пеш аз истифодаи қаламча-сӯзандоруи худ онро оиди мавҷуд будани осебҳои механикии намоён ё рехтани моеъ (ки нишонаи вайроншавии герметикаи картридж аст) аз назар гузаронед. Агар шумо боварӣ надошта бошед, ки қаламча-сӯзандору дар ҳолати коршоям аст ва дар он осебҳо дида намешавад, ҳеҷ гоҳ онро истифода набаред. Пеш аз ҳар як тазриқ қаламча-сӯзандоруи худро ҳамеша тафтиш кунед.

Дастурҳои истифодаи қаламча-сӯзандоруро бодиққат риоя кунед: афтидани қаламча-сӯзандору ё таъсири омилҳои беруна ба он (таъсири гармӣ, нури мустақими офтоб, осеби механикӣ ва ғайра) пешгирӣ кунед. Агар осеб ҷой дошта бошад, истифодаи қаламча-сӯзандоруи нав оғоз карда шавад.

Бемороне, ки биноии паст ё мушкилоти шадиди босира доранд ва ҳисобкунаки вояро хонда наметавонанд, бояд қаламча-сӯзандоруро таҳти назорати кормандони соҳаи тандурустӣ, хешовандон ё шахси дорои биноии хуб, ки оиди ворид кардани доруворӣ бо қаламча-сӯзандоруи пешакӣ пуршуда омӯзонида шудааст, истифода баранд.

Шахсони бо нигоҳубин машғулбуда бояд ба сӯзанҳои истифодашударо бо эҳтиёти махсус муносибат кунанд, то ки аз захми сӯзан ва сироятёбии салибшакл пешгирӣ кунанд.

Қаламча-сӯзандоруи пешакӣ пуркардашудаи UnoPen GM-B1 бо доруи Семавик®

1. Номгӯйро дар қаламча-сӯзандоруи худ тафтиш кунед

Боварӣ ҳосил кунед, ки қаламчаи шумо Семавик® 0.25 мг/воя, 0.5 мг/воя ё 1 мг/воя дорад. Ин махсусан муҳим аст, агар шумо зиёда аз як доруи сӯзандоруро истифода баред.

2. Қаламчаро бо як даст нигоҳ доред ва бо кашидани он бо дасти дигар сарпӯшро аз қаламча берун кунед

3. Боварӣ ҳосил кунед, ки маҳлули қалам беранг ё қариб беранги шаффоф аст

Ба оиначаи дорандаи картриджи қаламча-сӯзандору нигоҳ кунед.

Эзоҳ: Агар маҳлул тираранг бошад, беранг набошад ё омехтаҳои бегона дорад, ин қаламча-сӯзандоруро истифода кардан манъ аст!

4. Сӯзани навро гиред ва часпаки муҳофизатиро аз сарпӯши берунии сӯзан хориҷ кунед

Эзоҳ: Сӯзанҳоро қатъиян мувофиқи дастури духтур истифода баред. Барои ҳар як тазриқ сӯзани нав истифода баред, то хатари воридкунии вояи нодуруст, сироятшавӣ ва осеби бофтаҳо кам шавад.

5. Тавассути сараки берунаи сӯзан онро дуруст ба дорандаи картридж насб кунед

Онро маҳкам кунед, то ки сӯзан дар қаламча-сӯзандору зич насб шавад.

6. Сарпӯши берунии сӯзанро гиред, аммо онро напартоед

Пас аз итмоми сӯзандоругузаронӣ он барои бехатар хориҷ кардани сӯзан аз қаламча-сӯзандору ба шумо лозим мешавад.

7. Сарпӯши берунаи сӯзанро гиред ва онро партоед

Қаламчаро бо сӯзандору сар ба боло нигоҳ доред. Бо ангушти худ ба дорандаи картридж каме занед, то ҳама гуна ҳубобчаҳои ҳаво ба боло раванд. Мавҷуд будани ҳубобчаҳои хурд иҷозат дода мешавад.

Эзоҳ: Ҳангоми хориҷ кардани сараки дохилӣ сӯзан намоён (луч) мешавад.

8. Пеш аз истифодаи якуми қаламча-сӯзандору гузариши (воридшавии) доруро тавассути сӯзан санҷидан зарур аст

Селектори вояро то аломати санҷиши гузариш (воридшавӣ) «» тоб диҳед, то ки рамз бо нишондиҳандаи воя мувофиқат кунад. Вақте ки шумо рамзи санҷиши ҷараёнро ворид мекунед, шумо бояд ду (2) садоро шунавед.

Эзоҳ: Агар селектори воя аз рамзи зарурӣ гузашта бошад, онро ба самти муқобил гардонед, то ки рамзи санҷиши ҷараёнро танзим кунед. Агар шумо аллакай қалами худро истифода бурда бошед, истифодаи онро аз бахши “Муқарраркунии воя” оғоз кунед.

9. Қаламчаро бо сӯзан ба самти боло нигаронида нигоҳ доред, тугмаи фаъолкуниро пахш кунед ва онро дар ҳамин ҳолат нигоҳ доред

Селектори воя садо медиҳад ва оиначаи воя “0”-ро нишон медиҳад. Дар нӯги сӯзан бояд 1 (2) қатра дору пайдо шавад.

10. Селектори вояро то он вақте ки он вояи дилхоҳи 0.25 мг, 0.5 мг ё 1 мг-ро нишон диҳад, гардонед.

Вояи интихобшуда бояд дар рӯбарӯи нишондиҳандаи воя ҷойгир шуда бошад.

Эзоҳ: Агар воя нодуруст интихоб шуда бошад, селектори вояро ба пеш ё ба қафо гардонед, то ки вояи дуруст муқаррар карда шавад.

11. Барои муайян кардани миқдори боқимондаи дору ҳисобкунаки вояро истифода баред: селектори вояро то истодани ҳисобкунаки воя гардонед

Агар ҳисобкунаки воя дар равзанаи воя “1”-ро нишон диҳад, дар қаламчаи сӯзандору на кам аз 1 мг дору боқӣ мондааст. Агар ҳисобкунаки воя пеш аз пайдо шудани “1” қатъ шавад, дар қаламчаи сӯзандору доруи кофӣ барои ворид кардани вояи пурра ба миқдори 1 мг боқӣ намондааст.

12. Сӯзанро бо як ҳаракати пайвастаи дастатон ба зери пӯст ворид кунед

Эзоҳ: Усулҳои тазриқи тавсиякардаи духтур ё мутахассиси соҳаи тандурустиро истифода баред.

13. Боварӣ ҳосил кунед, ки равзанаи воякунӣ барои шахсе, ки тазриқро иҷро мекунад, намоён аст

Тугмаи тазриқро пахш намоед ва онро то даме ки қимати “0” бо нишондиҳандаи воя мувофиқат кунад, нигоҳ доред. Ҳангоми пахш кардани тугма бемор метавонад садоро бишнавад ё онро ҳис кунад. Бо ангуштони худ ба ҳисобкунаки воя дар равзанаи воя нарасед, зеро ин метавонад воридкунии доруро халалдор кунад.

14. Сӯзанро дар зери пӯст нигоҳ доред, пас аз он ки ҳисобкунаки миқдор ба “0” бармегардад, оҳиста то 6 ҳисоб кунед

Эзоҳ: Агар сӯзан аз пӯст барвақт гирифта шавад, бемор метавонад бубинад, ки дору аз сӯзандору мерезад. Дар ин ҳолат вояи нопурра ворид карда мешавад.

15. Сӯзанро боэҳтиёт аз пӯст берун кунед.

Эзоҳ: Агар дар ҷои сӯзандору хун пайдо шавад, як пумбаи пахтагинро ба ҷои сӯзандору сабук пахш кунед. Ҷои сӯзандоруро масҳ накунед. Пас аз анҷоми сӯзандору бемор метавонад дар нӯги сӯзан як қатра маҳлулро бинад. Ин ҳолати муқаррарӣ аст ва ба миқдори воридшуда таъсир намерасонад.

16. Пас аз анҷоми сӯзандору гузаронидан сараки беруниро боэҳтиёт ба сӯзан то охир тела дода пӯшонед

17. Сӯзанро кушоед ва онро якҷоя бо сарпӯши берунӣ партоед ва чораҳои бехатариро риоя кунед

Эзоҳ: Ҳангоми партовкунии сӯзанҳои истифодашуда талабот, қоидаҳо ва дастурҳои маҳаллиро оид ба коркарди маводҳои эҳтимолан сироятшуда риоя кунед.

18. Сарпӯши қаламчаи сӯзандоруро пӯшед ва қаламчаро то истифодаи оянда мувофиқи шароити нигоҳдорӣ, ки дар дастурамалҳои истифода нишон дода шудаанд, нигоҳ доред

/